Дар Остона ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии СААД баргузор гардид

0
1890

2 ноябри соли 2016 дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон Қосимов К.Н. баргузор гардид.

Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ҷаласа Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иштирок намуда, дар назди ҳозирин баромад намуд. Дар баромади мавсуф қайд гардид, ки масъалаи мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъаовар тавассути сарҳади ҷанубии кишварҳои аъзои СААД яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумат, фаъолияти ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Роҳбари Агентӣ изҳори боварӣ намуд, ки ҷаласаи мазкур дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар саҳми муносиб гузошта, барои рушди ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзои СААД такони нав хоҳад бахшид.

Иштирокчиёни ҷаласа Нақшаи чорабиниҳои асосии Шӯрои ҳамоҳангсозии кишварҳои аъзои СААД-ро барои солҳои 2016-2017 ва тағйир додани чорчӯбаи фаъолияти гурӯҳҳои кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, инчунин пешгӯии инкишоф ёфтани вазъи вобаста ба маводи нашъаоварро дар соли 2017 мавриди муҳокима қарор доданд.

Аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа бо назардошти таҷрибаи бадастомада пешниҳод гардид, ки амалияи гузаронидани амалиётҳои муштараки байналмилалӣ, ки ба муқовимат бо истеҳсоли маводи нашъаовар, ошкор ва қатъ гардидонидани роҳҳои қочоқи маводи нашъаовар равона гардидаанд, давом дода шавад.

Инчунин масъалаҳои ташкилӣ вобаста ба аз нав интихоб намудани Раиси Шӯро ва таъин намудани Котиби Шӯрои ҳамоҳангсозии СААД баррасӣ гардиданд. Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои аъзои СААД муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Зубов Игор Николаевич интихоб гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД