Дар Афғонистон масоҳати кишти кӯкнор афзоиш ёфт

0
1905

12 ноябри соли 2014  Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар сомонаи худ ҳисоботи пешакӣ оид ба истеҳсоли афюн дар Афғонистон дар соли 2014 ҷойгир намуд.

Мутобиқи тадқиқоти гузаронидашудаи муттахассисони РСММ дар соли ҷорӣ  масоҳати кишти кӯкнор дар Афғонистон  224000 га ташкил намуд, ки он аз нишондоди соли гузашта  7 % афзуд.
Дар муқоиса бо соли гузашта, шумораи умумии вилоятҳои ин давлат, ки дар он ҷо кишти кӯкнор ба қайд гирифта шудааст, тағйир наёфтааст, чунки ду вилояти дар шимол буда мавқеи худро дигаргун намуданд. Вилояти  Балх ба худ мавқеи озод будан аз кишти кӯкнорро баргардонид, вале дар вилояти  Сари Пул бошад, кишти кӯкнор дар  195 га ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамин тариқ, аз 34 вилояти  Афғонистон дар  19-то вилоят кишти кӯкнор ба қайд гирифта шуда, 15-тои дигар аз кишт озод мебошанд.
Аз ҳисоби вилоятҳои шимолӣ, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошанд, вилоятҳои Тахор  ва   Қундуз  аз кишти кӯкнор  ҳоло ҳам озод ҳастанд. Ин ду вилоят дар муддати 5 соли охир ин мавқеи худро аз даст надодаанд.  Имсол ба чунин вилоятҳои озод аз кишти кӯкнор вилояти Балх низ дохил шуд, ки соли гузашта дар ҳудуди он дар масоҳати  410 га кишти кӯкнор ба қайд гирифта шуда буд.
Дар ҳудуди вилояти  Бадахшон масоҳати кишти кӯкнор ба 77 % афзоиш ёфта, аз  2374 га  дар  соли  2013  то  4204 га дар  соли   2014 зиёд гашт.
Чун дар солҳои пешин, қисмати асосии кишти кӯкнор ба минтақаҳои ҷанубу-ғарбии Афғонистон рост меояд, ки таъсири қувваҳои зиддиҳукуматӣ дар онҳо зиёд мебошад. Соли  2014 дар ҳудуди ин минтақа 89 %  масоҳати кишти кӯкнор  ба қайд гирифта шуд, ки он аз ҳисоби умумии  масоҳати кишт дар ҳудуди Афғонистон мебошад.
Яке аз сабабҳои зиёд гаштани кишти кӯкнор ин  паст будани шумораи нобудсозии масоҳатҳои кишти кӯкнор мебошад.  Дар давоми сол  – 2692 га замин  бо кишти кӯкнор  нобуд карда шуд, ки ин нишондод 63 % камтар назар ба соли 2013 –  (7348 га) мебошад.
Истеҳсоли афюн дар  Афғонистон дар соли  2014  ба  6400 тонна баҳогузорӣ карда шуд,  ки ин нишондод назар ба соли  2013 –  17 % зиёд гашт.  Сабаби асосии афзоиши истеҳсоли афюн  ин зиёд гаштани ҳосил дар минтақаҳои ҷанубии Афғонистон гашт, ки дар онҳо ҷамъоварии ҳосил  27 % зиёд гашт (аз 23,2 кг аз  га  дар соли 2013 то 29,5 кг аз 1 га дар  2014).
Аз ҳисоби миёна дар ин мамлакат  аз  1 га –  28,7 кг афюн ҷамъоварӣ шуд, ки он  9 %   зиёдтар назар ба соли  2013 (26,3 кг)-ро ташкил дода буд.
Дар соли 2014 нархи афюн дар тамоми минтақаҳои Афғонистон коҳиш ёфт. Эҳтимолияти пастшавии нарх ин зиёд гаштани истеҳсоли он мебошад.  Нархи миёнаи афюни навистеҳсолшуда дар давраи ҷамъоварии ҳосил то 114 доллари ШМА барои 1 кг, дар ҳоле, ки соли 2013 барои 1 кг афюн  143 доллари ШМА дода мешуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД