Дар шаҳри Ашхобод Вохӯрии Нӯҳуми Ёддошти Ҳусни тафоҳум баргузор гардид

0
1479

4 май дар шаҳри Ашхобод Вохӯрии Нӯҳуми кишварҳои аъзои Ёддошти Ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар кори худро оғоз намуд, ки дар кори он намояндагони идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Россия иштирок менамоянд. Инчунин ба вохӯрӣ роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои зиддимухаддиротӣ, намояндагони кишварҳои нозир ва маблағгузорони Маркази Минтақавии Иттилоотии Ҳамоҳангсози Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо даъват гардиданд.

Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ Вазири корҳои хориҷии ҶТ С. Аслов, Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Р. Назарзода, муовини Вазири адлия Ш. Нодирӣ, сардухтури Диспансери ҷумҳуриявии наркологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ М. Малахов иштирок намуданд.

Дар баромади худ Директори Агентӣ Р. Назарзода қайд намуд, ки дар Осиёи Марказӣ гурӯҳҳои трансмиллӣ саъю кӯшиш намуда истодаанд, ки бозори фурӯши маводи нашъаоварро васеътар намоянд. Солҳои охир тамоюли интиқоли маводи нашъаовар бар хилофи “хатсайри шимолӣ” тавассути шимоли Эрон ва кишварҳои Кавказ ба Аврупои Ҷанубу Шарқ ва Россия аз рӯи хатсайри ба ном “Шимоли баҳри Сиёҳ” мушоҳида мегардад. Дар ин бора мусодираи маводи нашъаовар дар ҳаҷми ниҳоят калон дар кишварҳои хатсайр шаҳодат медиҳад.

Директори Агентӣ оиди масъалаҳои тақвият бахшидан ба назорати минтақавӣ аз болои ҳаракати прекурсорҳо аз кишварҳои истеҳсолкунанда то Афғонистон сухан намуда, қайд кард, ки ба кори Маркази Минтақавии Иттилоотии Ҳамоҳангсози Осиёи Марказӣ вусъат бахшидан лозим аст. Инчунин барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ муҳокима гардид, ки бюджети умумии он 70 миллион долларро ташкил менамояд.

Қайд гардид, ки барои созмон додани системаи самараноки муқобилат ба ҷинояткории муташаккил ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, мустаҳкам намудани сарҳад ва тақвият бахшидан ба қатъ гардонидани интиқоли маводи нашъаовар, саъю кӯшишҳои идораҳои зиддимухаддиротиро муттаҳид намудан лозим аст.

5 май Вохӯрӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷӣ давом хоҳад ёфт.

Маълумотнома:

“Ёддошти ҳусни тафоҳум” соли 1996 дар шаҳри Тошканд байни ҳукуматҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ба имзо расида буд. Соли 1998 ба он Россия ва Фонди Оғохон, соли 2001 Озарбойҷон дохил шуданд. Ҳамин тариқ, имкониятҳои ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар васеътар гардиданд. Ёддошти ҳусни тафоҳум ба як маҷлисгоҳи бузург барои муҳокимаи ташаббусҳои минтақавӣ дар соҳаи ҳамкорӣ табдил ёфт.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД