Дар фурудгоҳи “Домодедово” шаҳрванди Ӯзбекистон бо 169 бастаи героин дар шикам дастгир гардид

0
1340

Шаҳрванди Ӯзбекистон кӯшиш дошт 169 бастаи героинро дар шикам интиқол диҳад. Дар ин бора 24 сентябр Хадамоти Федералии гумруки Федератсияи Россия хабар дод. Тавре қайд мегардад, 19 сентябр интиқолдиҳанда ба Россия аз шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон омад ва дар фурудгоҳи Домодедово дастгир гардид.

Рентген нишон дод, ки дар рӯдаи дастгиршуда бастаҳои зиёди шакли силиндр дошта мавҷуд буданд.Ташхис нишон дод, ки маводи ошкоршуда героин мебошад. Вазни умумии он 700 граммро ташкил менамояд. 20 сентябр гумруки фурудгоҳи Домодедово парвандаи ҷиноиро нисбати шаҳрванди дастгиршудаи Ӯзбекистон аз рӯи моддаи 229.1 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия (“Қочоқи маводи нашъаовар”) оғоз намуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД