Дар фурудгоҳи Шереметево хитоиёнро бо 230 килограмм маводи нашъаовар дастгир намуданд

0
1070

Дар фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Москва кормандони гумруки Россия 34 шаҳрванди Хитойро дастгир намуданд. Онҳо ният доштанд ба Россия 230 кг метамфетаминро ворид намоянд. Дар ин бора “РИА Новости” хабар медиҳад.

Тавре дар Хадамоти Федеролии Гумруки Россия хабар доданд, қочоқчиён бо хатсайри Пекин – Москва омада расиданд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷомадонҳо кормандони гумрук халтаҳои полиэтилениро бо маводи сафедранг ошкор намуданд. Ба тариқи ташхиси экспрессӣ муайян намуданд, ки мавод дорои аломатҳои воситаҳои нашъаовар, яъне метамфетамин мебошад.

Аз рӯи ҳодисаи қочоқи маводи нашъаовар парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД