Силсилаи чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ дар Бадахшон

0
1502

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи маорифи ш.Хоруғ

дар Маркази Ҷавонон силсилаи чорабиниҳои зиддимухаддиротиро бо иштироки хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагона аз 12 то 30 январи соли 2015 дар мавзӯъҳои «Бадахшон ҷои маводи мухаддир нест», «Помир бар зидди Норасоии Масъунияти бадани одам», «Мардуми Бадахшон ҳаёти солимро интихоб менамояд», «Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад», «Зиндагӣ дар Бадахшон бидуни маводи нашъаовар» баргузор намуданд.

Хонандагон бо шеъру сурудҳо дар васфи кишвар чорабиниро оғоз намуда, саҳначаҳои ҳаҷвии омода намударо оиди нашъамандӣ намоиш доданд.

Мутахассисони Агентӣ оиди бемориҳои нашъамандӣ ва Вируси норасоии масъунияти одам ҳарф заданд, сюжетҳои видеоиро дар мавзӯи мазкур ба иштирокдорон намоиш доданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД