Дар Бадахшон Рӯзи мубориза бар зидди маводи нашъаоварро таҷлил намуданд

0
1169

Дар арафаи рӯзи мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабинии варзишӣ аз намуди футбол баргузор гардид, ки дар маркази варзишии “Авесто”-и дехаи Даштаки ноҳияи Дарвоз бо ташаббуси кормандони шуъбаи ноҳияи Дарвози Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ, Кумитаи ҷавонон ва шуъбаи маорифи ноҳия байни толибилмони синфхои 7 то 9 гузаронида шуд ва дар он 4 даста бо ҳам рақобат намуданд.

 

Дар фарҷоми чорабинӣ хонандагон бо тӯҳфахои хотиравӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ бо ташаббуси кормандони Раёсати Агентӣ чорабинии варзишӣ аз намуди волейбол баргузор гардид. Чунин мусобиқа дар майдончаи варзишии шуъбаи РАНМН дар ноҳияи Мурғоб байни 5 дастаҳо баргузор гардид, ки ғолибони он бо тӯҳфаҳои хотиравии РАНМН дар ВМКБ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар чорабинихои варзишӣ зиёда аз 150 нафар дӯстдорони варзиш иштирок намуда, ба ҳамаи онхо варақаҳои иттилоотӣ оиди маводи мухаддир тақсим карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД