Дар Бадахшон чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ идома доранд

0
1141

Дар арафаи Иди Наврӯз кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар мактаби №7-и шаҳри Хоруғ вохӯрӣ баргузор намуданд.

Мутахассисони Агентӣ ба иштироккунандагон оиди бемории нашъамандӣ ва оқибатҳои он, зарари он ба генофонди миллат ва намудҳои вобастагӣ ба маводи нашъаовар маълумоти мушаххас доданд ва қайд намуданд, ки дар вилоят теъдоди нашъамандон ба 872 нафар расидааст. Аз онхо дар шаҳри Хоруғ теъдоди нашъамандон ба 431 нафар расидааст, ки аз онхо 3 нафарашон занон мебошанд. Оиди касалиҳои вируси масъунияти бадани одам чунин шарҳ доданд, ки теъдоди ин касалиҳо дар вилоят ба 411 нафар расида, аз онхо 72 нафарашон занон мебошанд. Дар худи шаҳри Хоруғ теъдоди касалиҳои вируси норасоии маъунияти бадан ба 332 нафар расида, 30 нафари онҳоро занон ташкил медиханд.

Дар охири ҷаласа аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ ба 10 нафар хонандагони фаъоли мактаби мазкур барои иштироки фаъолонаашон дар самти пешгирии нашъамандӣ ифтихорномаҳо супорида шудаанд.

Инчунин бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим чорабинии варзишӣ аз намуди муҳорибаи “Самбо” гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур 70 нафар варзишгарони вилоят дар категорияи зиёда аз 60 кг ҷамъ шуда, маҳорати худро нишон доданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар чорабинии мазкур зиёда аз 150 нафар дӯстдорони ин намуди варзиш иштирок намуда, ба ғолибони мусобиқа аз тарафи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар ВМКБ тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД