ЧОРАБИНИҲОИ ЗИДДИМУХАДДИРОТӢ ДАР БАДАХШОН

0
1607

Бахшида ба Рӯзи мубориза бар зидди истеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он инчунин бо мақсади амалигардонии “Стратегияи миллии мубориза бар зиддди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солхои 2013-2020” аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо кормандони Маркази ҷавонони ш. Хоруғ дар ҷамоати деҳоти Вамари ноҳияи Рушони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол кушода эълон гардид, ки он то 25 июни соли ҷорӣ давом хоҳад ёфт.

Дар ноҳияи Дарвоз мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштингирӣ оғоз гардид, ки дар он зиёда аз 50 варзишгар аз тамоми гӯшаю канори вилоят иштирок менамоянд.

Дар ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон муҳорибаи тан ба тан зери шиори “Варзиш – зидди маводи нашъаовар” ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ноҳияи Мурғоб мусобиқаи волейбол байни дастаҳои гуногуни ноҳия шурӯъ гардид.

Гузаронидани чорабиниҳои зиддинашъамандӣ бахшида ба Рӯзи мубориза бар зидди истеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он дар дигар ноҳияҳои вилоят низ дар назар аст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД