Дар «Боғи Ирам»-и пойтахт чорабинии зиддимухаддиротӣ баргузор гардид

0
1505

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ дар “Боғи Ирам”-пойтахт бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим чорабинии зиддимухаддиротӣ гузарониданд.

Ҷавонон бо як шавқу ҳавас гӯшаи Агентиро бо расмҳо тамошо намуда, дар саволу ҷавобҳо дар мавзӯи зиддимухаддиротӣ иштирок намуданд, ки ба ғолибони озмун мукофотҳо супорида шуданд.

Ба меҳмонон буклетҳо ва тақвимҳои Агентӣ тақсим карда шуданд.

Гузаронидани чунин чорабиниҳо то охири сол ба нақша гирифта шудааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД