Дар «Боғи Ирам»-и пойтахт чорабинии зиддимухаддиротӣ баргузор гардид

0
2610

26 июн – дар Рӯзи мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар “Боғи Ирам”-и пойтахт бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим чорабинии зиддимухаддиротӣ гузарониданд.


Ҷавонон бо як шавқу ҳавас гӯшаи Агентиро бо аксҳо тамошо намуда, дар саволу ҷавобҳо дар мавзӯи зиддимухаддиротӣ иштирок намуданд, ки ба ғолибони озмун мукофотҳо супорида шуданд.

Мутахассисони Агентӣ дар назди ҳозирин бо сагҳои хизматӣ баромад намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД