Дар Вена иҷлосияи 61-уми Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир баргузор гардид

0
1669

Аз 12 то 16 марти соли 2018 дар бинои Маркази байналмилаллии Вена Сессияи 61-уми Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир баргузор гардид, ки дар кори он Директори иҷроияи РСММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов, Котиби генералии СҲШ Рашид Олимов, намояндагони олимақоми кишварҳои аъзои СММ ва СҲШ, ташкилотҳои минтақавӣ, Созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Инчунин чорабиниҳои канорӣ дар мавзуъҳои “Ҳамкориҳо дар доираи СҲШ” ва “Қочоқи маводи мухаддир тавассути Масири Шимол” доир гардид.
Дар чорабиниҳои болозикр ҳайати намояндагии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ва иштироки Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия-намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилаллӣ Идибек Қаландар ширкат варзиданд. Директори Агентӣ Шерхон Салимзода дар ин чорабиниҳо ҷиҳати муаррифии сиёсат ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти маводи мухаддир суханронӣ намуд.
Ҳамчунин санаи 14 марти соли 2018 дар бинои мазкур ҳайати намояндагони Тоҷикистон оид ба муаррифии маҷаллаи Шарҳи вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола аз ҷониби Агентӣ таҳия ва нашр мегардад, чорабинии канорӣ ташкил намуда, дар он сиёсати зидимухадиротии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятнок ва дастовардҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба иштирокчиён пешкаш карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД