Дар вилояти Бадахшон қочоқчии афғон дастгир гардид

0
2005

Аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Гумрук дар ВМКБ ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ истиқоматкунандаи деҳаи Вияри улусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастгир гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда ду халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилашон маводи бӯи махсус дошт, мусодира гардид. Тавре Шуъбаи экспертизаи судии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ муайян намуд, маводи мусодирашуда ҳашиш бо ҳаҷми 21 кг 700 граммро ташкил менамояд. Нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Боздоштшуда ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ ворид карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД