Дар ВМКБ ва вилояти Хатлон маводи нашъаовар мусодира гардид

0
1474

Аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар ноҳияи Дарвоз як нафар шаҳрванди Афғонистон барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир гардид.

Байни Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Бадахшон нақшаи муштараки бурдани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба имзор расида буд.

Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Бадахшон ва Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Бадахшон дар деҳаи Тегмайи ҷамоати Вишхарви ноҳияи Дарвоз ҳамчун гумонбар дар қочоқи маводи нашъаовар як нафар сокини 20-солаи вулусволии Моҳи Майи вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастгир гардид. Аз ӯ як адад халтаи селофанӣ дарёфт карда шуд, ки дар дохили он 6 адад баста бо маводи ҷигариранги бӯи махсус дошта ва 7 баста бо маводи ранги сабз мавҷуд буд.

Тибқи хулосаи экспертизаи судии Раёсат, маводи мусодира шуда афюн бо вазни зиёда аз 6 килограмм ва бангдонаи каннабис бо вазни тахминан 6 килограммро ташкил менамояд. Вазни умумии маводи нашъаовари мусодирашуда зиёда аз 12 килогрмммро ташкил дод.

Нисбати ин ҳодиса аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – м. 200 қ. 3 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон”, м. 289. “Қочоқ” ва м. 335. “Ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Айни ҳол чорабиниҳои оперативӣ барои муайян намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷинояти мазкур алоқамандӣ доранд, гузаронида мешаванд.

Боздоштшуда ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии раёсати Агентӣ ворид карда шуд.

Инчунин, аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ панҷ нафар сокинони вилоят дастгир гардиданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо тақрибан 2 кг афюн ёфт ва мусодира гардид.

Ҳамин тариқ фаъолияти боз як гурӯҳи ҷиноятпеша, ки муддати тӯлонӣ бо паҳн намудани маводи нашъаовар дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ машғул буданд, қатъ карда шуд.

Боздоштшудагон ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии раёсати Агентӣ ворид карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД