Чорабинии пешгирии нашъамандӣ дар ВМКБ

0
1427

Тибқи нақшаи чорабинихои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҶТ барои солҳои 2013-2020» баҳри пешгирии нашъамандӣ миёни ҷавонон санаи 23 октябр дар ш.Хоруғ кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи вилоят бо синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти умумии №8 вохӯрӣ гузарониданд.

Намояндагони Агентӣ оиди вазъи нашъамандӣ дар ҶТ, аз ҷумла дар ВМКБ маълумот пешниҳод намуда, аз оқибатҳои фоҷиаовари сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ба толибилмон нақл намуданд.

Дар вохӯрӣ мусобиқа аз намуди бозии шоҳмот байни толибилмон гузаронида шуд.

Ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ оиди нашъамандӣ ва ВНМО тақсим карда шуданд.

Дар охир ғолибони мусобика ва фаъолон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Вохӯрии мазкур аз тарафи намояндагони васоити ахбори омма инъикос гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД