Дар ВМКБ озмуни расми беҳтарин баргузор гардид

0
1502

Бо мақсади амалигардонии “Стратегияи миллии мубориза бар зиддди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солхои 2013-2020” ва бахшида ба Рӯзи ҷавонон санаи 18 май дар мактаб-интернати Президентии ш.Хоруғ озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи “Кӯдакон зидди маводи мухаддир” байни мактабҳои миёнаи №2, 8 ва гимназияи Президентии ш.Хоруғ баргузор гардид.

Намояндагони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ дар оғози суханаш ба ҷамъомадагон изҳори миннатдорӣ намуда, ба иштироккунандагон оиди таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҳарф зада, баъдан оиди бемории нашъамандӣ ва оқибатҳои он маълумоти мушаххас доданд.

Баъди гуфтугузор бо толибилмон озмуни расми беҳтаринро кушода эълон намуда, хонандагони синфҳои болоӣ ба кашидани расмҳо дар рӯи асфалт оғоз намуданд, инчунин расмҳои пешакӣ кашидаашонро дар деворҳо часпонда, ба намоиш пешкаш намуданд. Дар фарҷоми озмун доварон расмҳои беҳтаринро интихоб намуда, ба хонандагон ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм дода шуданд. Ғолибони озмун бо ифтихорномахои Раёсати Агентӣ мукофотонида шуда, инчунин аз тарафи ТҒД “Волонтер” бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки озмун аз тарафи телевизиони Бадахшон ба навор гирифта шуда, тавассути телевизиони маҳаллӣ дар барномаи “Ахбор” пахш гардид. Инчунин ба ҳамаи иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ оиди нашъамандӣ тақсим карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД