Баргузории аввалин Олимпиадаи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе

0
1288

Бо ташаббуси Академияи миллии олимпии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ, бо дастгирии Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Душанбе бори якум Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба Ҳаракати Олимпӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур 60 нафар духтарон ва писарони аз 18 то 25 сола, ки ғолибон ва гирандагони мукофотҳои Олимпиадаҳои байналмилалӣ оид ба Ҳаракати Олимпӣ мебошанд, инчунин роҳбарони барномаҳои таълимии Кумитаҳои миллии олимпӣ, намояндагони Академияҳои миллии олимпӣ аз ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Арманистон, Ќирғизистон, Молдова, Россия, Тоҷикистон, Украина ва Туркманистон ширкат варзиданд.

Мақсади асосии Олимпиадаи мазкур аз ташкили омӯзиши ҳаматарафаи таърихи пайдоиш ва рушди Ҳаракати олимпӣ, инчунин барқарор намудани дӯстӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни иштирокчиён иборат буд.

Иштирокчиёни Олимпиада аз рӯи Барномаи тасдиқгардида оид ба варзиш ва тарбияи љисмонӣ, оид ба таърих ва рушди Ҳаракати Олимпӣ аз дунёи қадим то имрўз ба 250 саволи тестӣ ҷавоби хаттӣ навишта, дар намудҳои мусобиқаҳои варзишии давидан ба масофаҳои 100, 800 ва 1000 метр, ҷаҳидан ба дарозӣ ва баландӣ, дар турник боло бардоштан, афшурдан аз курсӣ ва санҷиши устувории пресси бадан қувваю маҳорати худро нишон доданд.

Намояндаи Агентӣ дар баромади худ дар бораи вазъи вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҶТ ва татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ба иштирокчиёни Олимпиада маълумот пешниҳод кард.

Ба иштирокчиён маҷаллаи “Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014”, варақа ва буклетҳои зиддимухаддиротӣ тақсим карда шуд.

Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бо кубокҳо, медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ  сарфароз гардонида шуданд.

Рафти чорабиниҳо дар барномаҳои телевизионӣ ва радиоии ватанию хориҷӣ табъу нашр ва дар шабакаҳои интернетӣ ҷойгир карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД