Дар шаҳри Душанбе Шуъбаи Махсуси Агентӣ кушода шуд

0
1413

9 феврали соли 2016 дар ш. Душанбе маросими ифтитоҳи Шуъбаи Махсуси Раёсати Оперативӣ-Ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ баргузор гардид, ки дар он Директори Агентӣ Салимзода Шерхон Одина, Сафири навтаъиншудаи Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар ҶТ Элизабет И. Миллард, Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов И.С., намояндагони Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҶТ, намояндагони сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон ва идораҳои зиддимухаддиротӣ ширкат варзиданд.

Бинои нави Шуъбаи Махсуси Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентӣ бо дастгирии молиявии ШМА дар асоси созишномаҳои дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва ҳамкорӣ дар соҳаи дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сохта ба истифода дода шуд.

Меҳмонон бинои нави дуошёнаи Шӯъбаи Махсуси Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентиро аз назар гузарониданд, ки он бо техникаи ҳозиразамон ва техникаи махсус таҷҳизонида шуда, дорои утоқҳои корӣ, утоқҳои махсус муҷаҳҳазгардонидашудаи таъиноти ихтисосӣ, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва утоқҳои маишӣ-хизматрасонӣ мебошад. Инчунин дар доираи ин лоиҳа ба Агентӣ 5 адад автомашинаи сабукрави хизматӣ дода шудааст.

9022016spec1

9022016spec2

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД