Дар шаҳри Исфара Шуъбаи нави Агентӣ кушода шуд

0
2195

Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирӣ намудани қочоқи маводи мухаддир тавассути сарҳади давлатӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон 5 декабр дар шаҳри Исфара маросими кушода шудани Шуъбаи нави Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он

Директори Агентӣ, Намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ, Консули генералии Россия дар шаҳри Хуҷанд, намояндаи расмии Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатии вилоятӣ ва маҳаллӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии шаҳр иштирок намуданд.

Бинои маъмурии шуъбаи байниноҳиявии Агентӣ дар шаҳри Исфара мутобиқи Барномаи расонидани кӯмаки молиявӣ ва моддӣ-техникӣ ба Агентӣ барои солҳои 2015-2017 сохта шуд, ки он дар чорчӯбаи “Қарордод байни АНМН Тоҷикистон ва ХФНММН Россия дар соҳаи муқовимат бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, маводи писхотропӣ ва прекурсорҳои он” таҳия мегардад, ки қарордоди мазкур 26 майи соли ҷорӣ байни Директори Агентӣ ва Директори Хадамоти Россия ба имзо расид.

Меҳмонон бинои нави Шуъбаро аз назар гузарониданд, ки он дорои таҷҳизоти ҳозиразамон, утоқҳои корӣ, волиер барои парвариши сагҳои хизматӣ, ошхона, таваққуфгоҳи нигоҳдории муваққатӣ, маҷмааи варзишӣ, нақлиёт ва таъмини барқ мебошад.

Таҳияи барномаи мазкур барои баланд бардоштани натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ, таъминоти моддӣ-техникии ҷузъу томҳои Агентӣ мусоидат намуд.

Барои сохтмони бино инчунин аз буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ ҷудо гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД