Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид

0
1196

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор дар сатҳи вилоят доир гардид. Аъзоёни Шӯро масъалаҳои алоқаманд оид ба иҷроиши бандҳои дахлдори “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”-ро мавриди

таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла таъкид шуд, ки тибқи ҳисоботи оморӣ дар ҳудуди вилоят 1309 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст. Аз ин теъдод 17 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Тамоюли зиёдшавии миқдори нашъамандон дар соли 2014 дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Бохтар, Вахш, Ёвон, А.Ҷомӣ, Фархор, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Данғара мушоҳида мешавад.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ – ин гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунандаи нашъамандӣ дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ мебошад. Ҳолатҳои ба нашъамандӣ гирифтор шудани шаҳрвандон нишон медиҳад, ки теъдоди зиёди онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ бояд тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон дар якҷоягӣ баҳри аз байн бурдани ин амали номатлуб мубориза баранд то раванди мубталошавӣ ба нашъамандиро пешгирӣ намоянд.

Дар ҷаласа нақшаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадори вилоят дар соли 2015 баррасӣ гардид. Пешниҳод гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳое, ки вазъи нашъамандӣ ташвишовар мебошад, аз тарафи Шӯрои ҳамоҳангсозии вилоят гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, санҷишҳои мунтазам ва ғайринавбатӣ гузаронида шавад.

Рафти ҷаласа дар васоити ахбори омма инъикос гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД