Дар шаҳри Чкалов чорабинии зиддинашъамандӣ баргузор гардид

0
1283

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он дар қасри фарҳанги шаҳри Чкалов бо ҷалби фаъолони шаҳр, коркунони соҳаҳои истеҳсолот ва донишҷӯёну мактабиён чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ баргузор гардид.

 

Дар баромади намояндаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд зикр гардид, ки маҳз ба хотири муборизаи фарогир ва дастаҷамъона ба яке аз проблемаи ҷиддии замон, яъне сӯистеъмоли маводи нашъаовар ҷомеаи ҷаҳонӣ садои эътироз баланд намуда, ҷиҳати ҳифзи саломатӣ ва беҳбудии башарият ва пойдории асосҳои иқтисодиву иҷтимоии давлатҳо ниҳоди мӯътабари арсаи ҷаҳонӣ – Созмони Милали Муттаҳид таҷлили санаи 26-июнро чун рӯзи мубориза бо мухаддирот муқаррар намудааст.

Сипас дар назди ҳозирин ҳофизони шинохта ва гурӯҳи раққосон бо сурудаҳои дилнишин ва рақсҳои дилошӯб баромад намуда, рӯҳияи идонаи иштирокчиёни чорабиниро боло бурданд.

Дар баробари ин варзишгарон бо ҳунарнамоии худ варзишро чун бақои саломатӣ, қосиди сулҳ ва шеваи пешбурди тарзи ҳаёти солим муаррифӣ карданд.

Да анҷом ширкаткунандагони фаъоли ин чорабинии зиддинашъамандӣ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД