Мусодираи маводи нашъаовар дар ноҳияи Дарвоз

0
1336

Кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Дарвози Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ зиёда аз 10 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар мавзеи Чашмаи Зонги деҳаи Сангеви ноҳияи Дарвоз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Азиз валади Диловар, сокини деҳаи Боғреги улусволии Нусайи вилояти Бадахшонро ҳангоми убури ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ дастгир намуданд.
Дар натиҷаи кофтукови шахсӣ аз номбурда як адад камераи автомашинаи боркаш, як адад лингчаи сафед бо моддаҳои гуногун дарёфт ва мусодира гардид.
Мутахассисони Шуъбаи экспертизаи судии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ муайян намуданд, ки маводи мусодирагардида афюн ба миқдори 7 кг 702 грамм, бангдона 2 кг 442 гр, гашиш 410 гр ва героин 021 гр., бо вазни умумии 10 кг 575 грамм мебошад.
Дастгиршуда ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ ворид карда шуд.
Айни ҳол чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалҳои тафтишотӣ оид ба муайян намудани шахсиятҳое, ки ба ҷинояти мазкур ҳамдастӣ доранд, гузаронида мешаванд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД