Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов маводи нашъаовар мусодира гардид

0
1812

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар се марҳила оид ба боздошт намудани шахсоне, ки бо интиқоли маводи нашъаовар аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя машғул буданд, зиёда аз 16 кг маводи нашъаовар мусодира намуданд.


Бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъаовар дар гузаргоҳи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов се нафар сокинони шаҳри Истаравшан дастгир гардиданд, ки аз онҳо се борхалта бо маводи бӯи махсус дошта мусодира гардид.

Тавре экспертизаи судӣ муайян намуд, маводи мусодирашуда 1 кг 915 грамм героин ва 14 кг 418 грамм гашиш мебошад. Вазни умумии маводи нашъаовари мусодирашуда 16 кг 333 граммро ташкил намуд.

Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки яке аз боздоштшудагон соли 2007 барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳаҷми махсусан калон суд шуда буд, аммо пас аз ба озодӣ баромадан хулосаи зарурӣ набароварда, боз даст ба ҷиноят зад.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи 200 қ. 4 (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан дар ҳаҷми махсусан калон”) оғоз карда шудааст.

Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуданд. Встреча с новым руководителем Офиса УНП ООН в Таджикистане

Айни ҳол чораҳои зарурӣ барои муайян ва боздошт намудани шахсони боқимонда, ки ба ҷинояти мазкур даст задаанд, андешида шудаанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД