Дар шаҳри Доха Конгресси сездаҳуми СММ оид ба масъалаҳои маводи нашъаовар баргузор гардид

0
1424

Дар моҳи апрел дар пойтахти кишвари Қатар шаҳри Доха Конгресси сездаҳуми Созмони Милаи Муттаҳид оид ба масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва адолати ҷиноятӣ баргузор гардид.

Инчунин ҷаласаи алоҳида оид ба масъалаи муқобилат ба фурӯши маводи мухаддир дар минтақаи обҳои бетарафи уқёнуси Ҳинд гузаронида шуд. Иштирокчиёни ҷаласа вазъи вобаста бо интиқоли маводи нашъаоварро дар минтақаи уқёнуси Ҳинд таҳлил намуда, ба хулоса омаданд, ки дар чор соли охир дар тарз ва хатсайри интиқоли героин аз Афғонистон тағйироти куллӣ ба амал омад. Қайд гардид, ки чор сол қабл хатсайри асосии интиқоли героини

истеҳсоли афғонӣ тариқи ба ном “хатсайри шимолӣ” тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон мегузашт, имрӯз қочоқчиёни маводи нашъаовар героинро тавассути кишварҳои Ховари наздик, Африқои Шарқӣ, баъдан ба Европа ва Америкаи Шимолӣ интиқол медиҳанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД