Дар Агентӣ вохӯрии коршиносон дар доираи “Ташаббуси АҚТ” оғоз гардид

0
1521

27 июли соли 2016 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии коршиносон оид ба муҳокимаи масъалаҳои ташкили чорабиниҳои оперативӣ дар доираи ташаббуси кишварҳои Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон (“Ташаббуси “АҚТ”) оғоз гардид, ки бо дастгирии “Барномаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя” ташкил карда шуда аст.


Вохӯрӣ бо суханҳои ифтитоҳии муовини Директори Агентӣ полковник Муртазо Ҳайдарзода ва роҳбари нав таъингардидаи Дафтари Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон хонум Амелия Ханнафорд оғоз гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои вазъи нашъамандӣ дар кишварҳои аъзои “Ташаббуси АҚТ”, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, нақшаҳои гузаронидани амалиётҳои муштарак муҳокима мегарданд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ инчунин матни Ёддошти тафоҳумро оид ба табодули иттилоот ва ҳамкории оперативӣ байни кишварҳои аъзои “Ташаббуси АҚТ” омода менамоянд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД