Дар Душанбе ҷаласаи шарҳии давлатҳои аъзои “Ташаббуси АҚТ” ва медиа-форум баргузор гардид

0
1251

26 май дар Душанбе ҷаласаи навбатии шарҳии роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ( “Ташаббуси “АҚТ”) баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаҳои мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва идоракунии сарҳад байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардиданд.           Инчунин дар чаҳорчӯби Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя “Медиа-форум”-и минтақавӣ таҳти унвони “Огоҳонидани аҳолӣ доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир” дар шаҳри Душанбе ташкил ва гузаронида шуд.          Дар медиа-форум намояндагони идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои аъзои Барномаи минтақавӣ, донишҷӯёни мактабҳои олии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Мақсади асосии баргузор намудани медиа-форум аз баланд бардоштани огоҳонии ҷомеа дар мубориза бо маводи нашъаовар дар минтақа ва тақвият бахшидан ба муқобилат бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, беҳтар намудани мубодилаи иттилоот байни кишварҳои аъзои барномаи минтақавӣ мебошад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД