Дар Душанбе гурӯҳи қочоқбар дастгир гардид

0
1704

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2016” дар натиҷаи гузаронидани амалиёти навбатӣ гурӯҳи нашъаҷаллобонро безарар гардониданд.


1 август ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, сокини 24-солаи шаҳри Душанбе дастгир гардид. Ҳангоми боздошт аз ӯ халтаи селофанӣ ёфт ва мусодира карда шуд.

Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда боз як ҳаммаслаки ӯ – сокини 42-солаи шаҳри Кулоби вилояти Хатлон боздошт гардид. Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки ӯ пештар барои муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ суд шуда будааст.

Мутобиқи хулосаи Шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ маводи дарёфтшуда ҳашиш буда, вазни он 4 кг 540 граммро ташкил менамояд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишотии Агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо м. 200 қ. 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан” оғоз гардидааст.

Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД