Дар Душанбе нашъаҷаллоб дастгир гардид

0
1999

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, сокини 43-солаи пойтахтро дастгир намуданд. Ҳангоми боздошт аз ӯ як халтаи селофанӣ, ки дар дохилаш маводи буйи махсус дошта ҷойгир буд, ёфт ва мусодира карда шуд. Мутобиқи хулосаи Шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ маводи дарёфтшуда ҳашиш буда, вазни он қариб 1 килограммро ташкил менамояд. Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишотии Агентӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД