Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ ба кори худ шурӯъ намуд

0
1955

21 сентябр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, инчунин Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатия боздоранда дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ зери унвони «Ошкорсозии таҳдидҳои геостратегӣ ҷиҳати пешбурди иқтисодиёт дар чаҳорчӯби қонун дар Афғонистон дар давраи Даҳсолаи нав” ба кори худ шурӯъ намуд. Дар кори он роҳбарони мақомоти дахлдор ва коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Покистон, инчунин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Дар оғози конфронс дар назди иштирокчиён Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд кард, ки имрӯз лоиҳаҳои зиёде оиди рушд ва инкишофи самтҳои мухталифи ҷомеаи Афғонистон, хусусан кишоварзӣ амалӣ шуда истодаанд ва боварӣ ҳаст, ки дар солҳои наздик шароит барои рушди истеҳсолот ва иқтисодиёти алтернативие, ки ҷои кишт ва истеҳсоли маводи мухаддирро бигирад, фароҳам хоҳад омад. Тоҷикистон аз дигар кишварҳо дида бештар манфиатдор аст, ки вазъ дар Афғонистони ҳамсоя муътадил гардад, чунки агар масъалаи назорати маводи нашъаовар дар ин кишвар мусбат ҳал шавад, оқибатҳои он ба вазъи нашъамандӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Авруосиё таъсири мусбат мерасонад.

Дар рафти конфронс иштирокчиён вазъи баамаломадаро дар соҳаи амният дар Афғонистон ва минтақа, масъалаҳои пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи ҷиноятҳои иқтисодӣ, инчунин робитаи мутақобилаи парвариши кӯкнор бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадорро таҳлил менамоянд.

Коршиносони сатҳи олӣ нисбати қабули чораҳои амалӣ аз тарафи Афғонистон, кишварҳои ҳамсоя ва аъзоёни ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи мубориза бар зидди хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва мусоидат ба рушди иқтисод дар чорчӯбаи қонун пешниҳодҳои худро ба иштирокчиён манзур менамоянд.

Конфронс кори худро 22 сентябр идома хоҳад дод.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД