Вохӯриҳои зиддинашъамандӣ дар Душанбе давом доранд

0
1336

22-23 сентябри соли 2015 дар хобгоҳҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ бо занҳои хонанишин вохӯриҳо гузаронида шуданд. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур дар байни занҳои хонанишин аз он иборат буд, ки имрӯз дар ҳолати истеъмол намудани маводҳои мухаддир насли наврас солимии худро аз хатари истеъмоли маводҳои мухаддир эмин нигоҳ дошта, маълумотнокиашонро аз таҳдиди маводи мухаддир васеъ менамоянд.

Намояндаи Агентӣ оид ба вазъи нашъамандӣ дар ҶТ, оқибатҳои сар задани нашъамандӣ, сироятшавӣ бо бемориҳои ВНМО, Гепатити С, содиршавии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва нашъамандию нашъаҷалобӣ, инчунин шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ маълумот пешниҳод намуд.

Дар охири чорабинии мазкур ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД