Дар Душанбе чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ давом доранд

0
1259

Рӯзи 15 майи соли ҷорӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ тибқи нақшаи муштарак дар якҷоягӣ бо кормандони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Шоҳмансур дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №40 миёни толибилмони синфҳои болоӣ ва волидайни онҳо вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои нашъамандию нашъаҷаллобӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, қонунвайронкунӣ, танфурӯшӣ, хариду фурӯши одамон, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дохил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ баррасӣ гардиданд.

Дар навбати худ кормандони Агентӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ, нашъаҷалобӣ, зарари истеъмоли маводи нашъадор ва оқибатҳои он сӯҳбат намуданд.

Инчунин дар маҳаллаи “Бадахшон”-и пойтахт дар байни аҳолӣ оид ба зарари маводи мухаддир, пешгирии нашъамандӣ, сабаб ва оқибатҳои фоҷиавори истеъмоли маводи нашъаовар вохӯрӣ ташкил карда шуд.

Дар охири вохӯрӣ ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД