Дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ баргузор гардид

0
1033

27 май дар Китобхонаи миллӣ Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ оид ба мушкилоти хатари маводи нашъаовар таҳти унвони “Муттаҳид намудани ҳамкории байналмилалии зиддимухаддиротӣ”баргузор гардид.

Конфронси мазкур бо ташаббуси Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай моҳи сентябри соли 2014, дар арафаи гузаронидани Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯи масъалаи маводи нашъаовар дар ҷаҳон дар соли 2016, инчунин бо мақсади ҷалб намудани диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти истеҳсол ва қочоқи маводи нашъаовар дар минтақа ташкил карда шуд.

Дар оғози конфронс Котиби Шӯрои амнияти ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров ба иштиркочиёни конфронс Паёми Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонро қироат намуд. Дар Паём омадааст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад. Президенти Тоҷикистон кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро даъват намуд, ки кӯшишҳои худро бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муттаҳид намоянд.

Ба иштирокчиёни конфронс инчунин муроҷиати видеоии Муовини Котиби генералии СММ, роҳбари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ю. Федотов ба намоиш гузошта шуд. Дар муроҷиати худ Ю. Федотов изҳори боварӣ намуд, ки конфронси Душанбе дар ҳалли мушкилоти маводи нашъаовар на танҳо дар минтақа, балки дар тамоми ҷаҳон нақши муҳим хоҳад бозид.

    Дар конфронс масъалаҳои вобаста ба вазъи маводи нашъаовар дар минтақа, ҳолати мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар Афғонистон, мушкилоти мавҷуда дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва рушди ҳамкорӣ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт. Ҳамчунин таклифу пешниҳодҳои иштирокчиён барои баррасӣ дар Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳия ва пешниҳод карда шуданд.

Ҳадафи асосии конфронс аз омӯхтани роҳҳои нави ҳалли проблемаи ҳарчи бештар мураккабгардидаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар иборат буд.

Аз тарафи иштирокчиён Эъломияи муштараки Конфронси байналмилалӣ барои баррасӣ дар Иҷлосияи Махсуси Ассамблеяи Генералии СММ муҳокима ва қабул гардид. Инчунин Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси эълон намудани солҳои 2016-2020 “Панҷсолаи чораҳои глобалӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим” баромад намуд.

Дар кори конфронс роҳбарони вазоратҳо ва идораҳои зиддимухаддиротии минтақа ва ҷаҳон, инчунин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Маркази Минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Дипломатияи Пешгирикунанда, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Бюрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ташкилоти Оғохон оид ба рушд ва чанде дигарон иштирок карданд.

Дар хотимаи конфронс барои намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ брифинг ташкил карда шуд, ки дар он роҳбарони идораҳои зиддимухаддироти кишварҳои иштирокчии конфронс ба саволи рӯзноманигорон посух доданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД