Дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор гардид

0
1261

18 июн дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Ҳамоҳангӣ ва ҳамкории зичи мақомоти сарҳадӣ оид ба мубориза бар зидди фаъолияти ғайриқонунӣ дар сарҳадҳои давлатҳо – иштирокчиёни ИДМ” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони мақомоти сарҳадии Озарбойҷон, Арманистон, Афғонистон, Беларус, Казоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, мақомоти ИДМ, сохторҳои кории созмонҳои байналмилалӣ (СААД, СҲШ, ММҲИОМ) иштирок намуданд. Дар кори конфронс инчунин намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ низ иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории конфронси мазкур – ҳамкории зич дар самти ҷилавгирӣ аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши яроқу аслиҳа, пешгирии убурии ғайриқонунии хатти сарҳади давлатӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва баррасии дигар масоили марбут ба хатти марз дар кишварҳои ИДМ буд.

 

Дар баромадҳо иштирокчиён ба зарурияти таҳкими ҳамкории мутақобила миёни кишварҳои аъзо дар ин самт ибрози ақида намуданд. Зикр гардид, ки ҳамкории мутақобила метавонад ба таҳкими амну субот дар минтақа мусоидат намояд.

Баромадкунандагон ба таҳкими сарҳадҳои давлатии кишварҳои ИДМ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо дарназардошти хатарҳои афзоянда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД