Дар Душанбе вохӯриҳои зиддимухаддиротӣ доир гаштанд

0
1666

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила вохӯриҳоро бо толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва мактабҳои олии пойтахт баргузор намуданд. Чунин вохӯриҳо бо хонандагони мактаби махсуси пойтахт ва донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон доир карда шуданд.


Мутахассисони Агентӣ ба ҳозирин оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар ҷумҳурӣ ва минтақа, пешгирии содир намудани ҷиноят, қонунвайронкуниҳои маъмурӣ, пешгирии нашъамандӣ, намудҳои маводҳои нашъаовар, таъсири онҳо ба системаи марказии асаб маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Донишҷӯён ба баромадҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ба мутахассисони Агентӣ оид ба масъалаҳои ҷавобгарӣ барои истеъмоли маводи нашъадор, ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, усулҳои муолиҷаи шахсоне, ки аз маводи нашъадор сӯистифода менамоянд, саволҳо доданд.

Ба донишҷӯён видеофилм дар бораи оқибатҳои фоҷиавори таъсири маводи нашъадор ба вазъи саломатӣ намоиш дода шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД