Дар Душанбе Ҷаласаи Шонздаҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид

0
1392

26 майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи Шонздаҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, баргузор гардид, ки дар кори он иштирок намуданд: Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Бордюжа Н.Н., Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, Директори Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар Иванов В.П., Раиси Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳ укумати Ҷумҳурии Қирғизистон Султанов А.А., Сардори Сарраёсати мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили Полиси Ҷумҳурии Арманистон Закарян Р.Г., Муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорус Михневич В.В.; Сардори Департаменти мубориза бо нашъаҷаллобӣ ва назорати муомилоти маводи нашъаовари ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон Кусетов С.Т., Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Р.У.

Дар рафти Ҷаласа тарафҳо натиҷаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро дар нимсолаи аввали соли 2015, дар даҳ соли охир, чораҳоро оиди таҳияи Стратегияи зиддимухаддиротии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, оиди натиҷаҳои гузаронидани амалиёти зиддимухаддиротии «Канал-патрул» ва машқҳои оперативӣ-тактикии ҷузъу томҳои таъиноти махсуси мақомот оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ муҳокима намуданд.
Инчунин масъалаҳо дар бораи Шӯрои ҷавонони Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, фаъолияти Донишкадаи ҳуқуқии Сибири Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар ба ҳайси донишгоҳи таълимии заминавӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи назорати маводи нашъаовар барои кишварҳои аъзо мавриди муҳокима қарор гирифт.
Байни Директори АНМН назди Президенти ҶТ ва Директори Хадамоти Федералии Феедератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар В. Иванов имрӯз бо мақсади тамдид додани Барнома «Созишнома байни АНМН ва ХФНМН оид ба расогнидани кӯмак ба АНМН дар соҳаи назорати воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекрсорҳо» ба имзо расид.
Маълумот: 5 октябри соли 2012 дар Душанбе дар чорчӯбаи Барномаи расонидани кӯмак ба АНМН Созишнома барои солҳои 2015-2017 ба имзо расида буд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД