Дар Душанбе нашъаҷаллобон бо миқдори калони маводи нашъаовар боздошт гардиданд

0
1147

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе нашъаҷаллобонро бо миқдори калони маводи нашъаовар боздошт намуданд.

Дар рафти амалиёт дар канори пойтахт автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” таҳти идораи сокини шаҳри Душанбе боздошт гардид. Ҳангоми кофтукови автомашина дар махфигоҳи он 4 бастаи селофанӣ дарёфт гардид, ки дар дохили он маводи фишурдашудаи сабзранг пинҳон карда шуда буд.

Тавре мутахассисони Шуъбаи экспертизаи судӣ муайян намуданд, дар дохили халтаҳо маводи нашъаовари навъи гашиш бо вазни зиёда аз 10 кг мавҷуд буд.

 

Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ ҳамиштирокчии ҷиноят – сокини вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтуков аз манзили иҷоравии ӯ дар шаҳри Душанбе тақрибан як килограмм гашиш дарёфт ва мусодира гардид. Дар умум аз онҳо зиёда аз 11 кг гашиш мусодира карда шуд.

Ҳангоми гузаронидани амалҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки ронандаи автомашина бо ҳаммаслаки худ – шаҳрванди Афғонистон – ният доштанд маводи нашъаоварро ба вилояти Суғд, баъдан ба қаламрави Федератсияи Россия интиқол диҳанд, аммо сари вақт аз тарафи кормандони Агентӣ боздошт гардиданд.

Айни ҳол чораҳои зарурӣ барои муайян ва боздошт намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳ, ки интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро ба роҳ монда буданд, андешида шуданд.

Нисбати ин ҳодиса аз рӯи моддаи 200 қ. 4 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Боздоштшудагон ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД