Дар шаҳри Ереван ҷаласаи Шӯрои Ҳамоҳангсозии СААД баргузор гардид

0
1327

14 октябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Арманистон (ш. Ереван) ҷаласаи ҳабдаҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор гардид.

Аз номи Тоҷикистон дар кори ҷаласа Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Р. Назарзода иштирок намуд.

Дар рафти ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар нимсолаи дуюми соли 2015, масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди таҳдидҳои вобаста ба маводи нашъаовар муҳокима гардиданд, пешниҳодҳои мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои СААД оид ба коркарди мавқеи муттаҳида дар арафаи Сессияи махсуси Ассамблеяи генералии СММ оид ба масъалаҳои маводи нашъаовар дар ҷаҳон дар соли 2016 баррасӣ гардиданд.

Ба рӯзномаи ҷаласа инчунин масъалаҳои интихоби котиби Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва банақшагирии чорабиниҳои асосии Шӯро барои солҳои 2016-2017 дохил карда шуданд.

Дар баромади худ Директори Агентӣ ба иштирокчиёни Шӯрои Ҳамоҳангсозӣ оиди натиҷаҳои амалиёти “Гром-2015”, ки аз 24 август то 3 сентябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда гузашт, иттилоот дод, инчунин доир ба масъалаҳои гузаронидани чорабиниҳои “интиқоли назоратшаванда” чанд сухан гуфт.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД