Дар Эрон ҷаласаи шашуми панҷгонаи зиддимухаддиротии Осиёи Марказӣ баргузор гардид

0
1308

26 октябр дар шаҳри Теҳрон ҷаласаи шашуми роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии Афғонистон, Эрон, Покистон, Россия ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ҷаласа Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ва муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ М. Ҳайдарзода иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласа таҳлили рафти ҳамкорӣ, вазъи вобаста ба соҳаи муомилоти воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар кишварҳои узви панҷгона мавриди муҳокима қарор гирифт, мубодилаи афкор дар соҳаи такмили ҳамкории зиддимухаддиротӣ сурат гирифт.

Иштирокчиёни ҷаласа тасмим гирифтанд, ки мавқеи ягонаро ба Ҷаласаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ оид ба мушкилоти маводи нашъаовар дар соли 2016 бо назардошти натиҷаҳои чорабиниҳои панҷгонаи зиддимухаддиротии Осиёи Марказӣ пешниҳод намоянд, ки он ба несту нобуд сохтани истеҳсоли маводи нашъаовар ва ҷинояткории муташаккил, офиятбахшии нашъамандон, коҳиши самараноки талабот ба маводи нашъаовар равона карда шудааст. Аз рӯи ин масъала иштирокчиёни ҷаласа изҳороти муштарак қабул намуданд.

Дар чорчӯбаи ҷаласа вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо Вазири мубориза бо маводи нашъаовари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саломат Азимӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳамкорӣ байни Агентӣ ва Вазорати мубориза бар зидди маводи нашъаовари Афғонистон, гузаронидани амалиётҳои муштарак оид ба ошкор намудан ва несту нобуд сохтани лабораторияҳои пинҳонӣ оид ба истеҳсоли героин муҳокима гардиданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД