Дар Испания кормандони полис се тонна кокаинро мусодира намуданд

0
1463

Ба гуфти кормандони полис ин ҳаҷми калонтарин дар 17 соли охир мебошад, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ мусодира намудаанд.

Дар Испания кормандони полис се тонна кокаинро мусодира ва 11 нафар гумонбарро дастгир карданд.

Тавре полис хабар медиҳад, дастгиршудагон шаҳрвандони Испания, Британия ва Нидерланд мебошанд.


Кормандони полис аз Бюрои миллии Британияи Кабир оид ба мубориза бар зидди ҷиноякории муташаккил иттилоот гирифтанд. Маводи нашъаовар аз дохили микроавтобус дар яке аз анборҳо дар вилояти Галисия дарёфт гардид.

Ба гуфти кормандони полис ин ҳаҷми калонтарин дар 17 соли охир мебошад, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ мусодира намудаанд.

Кормандони полис инчунин дар анбор як миллион евро пули нақд ва таппонча дарёфт намуданд.

Испания яке аз нуқтаҳои бузургтарини интиқоли маводи нашъаовар аз Америкаи Ҷанубӣ ба Аврупо мебошад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД