Дар шаҳри Исфара корманди ҳифзи ҳуқуқ бо 8 кг героин дастгир гардид

0
1462

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар ҳудуди шаҳри Исфара аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд як нафар сокини 36-солаи шаҳри Ғафуров, муваққатан бекор, дастгир гардид, ки дар даст сумкаи варзишӣ дошт. Дастгиршуда ба кормандони оперативӣ фаҳмонд,

ки дар сумка компютер дорад ва онро барои таъмир мебарад. Кормандони оперативӣ дар дохили компютер ба ҷои ноқилҳои барқӣ 8 адад бастаҳои скотпечро бо маводи бӯи махсус дошта ошкор намуданд.

Тавре мутахассисони Шуъбаи экспертизаи судии РВКД дар вилояти Суғд муайян намуданд, маводи мусодирашуда героин буда, вазни он 8 килограммро ташкил менамояд.

Дастгиршуда дар тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки маводи мусодирашуда ба шиноси ӯ бо номи Фурқат тааллуқ дорад. Пас аз андешидани чораҳои оперативӣ корманди ҳифзи ҳуқуқи вилоят бо рутбаи “майор” дастгир гардид. Тавре муайян гардид, майор ният дошт героинро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ интиқол диҳад. Барои амалӣ намудани ниятҳои нопоки худ ӯ ҷавонони муваққатан бекорро ҷалб намуд ва ҳатто ваъда дод, ки пас аз фурӯхтани маводи мухаддир бо онҳо ҳисобу китоб мекунад.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.4 КҶ ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан дар ҳаҷми махсусан калон”) оғоз гардидааст.

Ҳоло тафтишот муайян намуда истодааст, ки чӣ гуна ва аз кӣ майор маводи мухаддирро харидорӣ намудааст.

Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуданд.

Бояд таъкид кард, ки аз аввали сол ин дуюмин ҳодисаи аз тарафи кормандони Агентӣ дастгир шудани кормандони ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД