Дар шаҳри Исфара зиёда аз 3 кг маводи нашъаовар мусодира гардид

0
1396

Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Исфараи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Исфара як нафар сокини 36-солаи ҷамоати Навободи ноҳияи Ёвон дастгир гардид. Аз номбурда сумка мусодира гардид, ки дар дохили он як адад баста бо маводи бӯи махсус дошта мавҷуд буд.

Тавре мутахассисони Шуъбаи экспертизаи судии РВКД дар вилояти Суғд муайян намуданд, маводи мусодирашуда гашиш буда, вазни он зиёда аз 3 килограммро ташкил менамояд.

Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки дастгиршуда ният дошт маводи нашъаоварро дар ҳудуди шаҳри Исфара паҳн намояд, аммо сари вақт аз тарафи кормандони Агентӣ дастгир гардид.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи гурӯҳи тафтишоти Раёсати Агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.3 КҶ ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан дар ҳаҷми калон”) оғоз гардидааст.

Боздоштшуда ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД