Дар ноҳияи Ишкошим ду қочоқчии афғон дастгир гардиданд

0
1798

Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони зершуъбаи дар ноҳияи Ишкошим будаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Бадахшон дар деҳаи Зумудги ноҳияи Ишкошим ҳамчун гумонбар дар қочоқи маводи нашъаовар ду нафар сокини 26-солаи деҳаҳои Пегиш ва Ҳандуди вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастгир гардиданд. Аз онҳо як адад сумка дарёфт карда шуд, ки дар дохили он 10 адад баста бо маводи ҷигариранги бӯи махсус дошта мавҷуд буд.

Тибқи хулосаи экспертизаи судӣ, маводи мусодира шуда афюн буда, вазни он 5 килограммро ташкил менамояд.

Нисбати ин ҳодиса аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – м. 200 қ. 3 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон”, м. 289. “Қочоқ” ва м. 335. “Ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Айни ҳол чорабиниҳои оперативӣ барои муайян намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷинояти мазкур алоқамандӣ доранд, гузаронида мешаванд.

Боздоштшудагон ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД