Дар Қазоқистон ҷаласаҳои коршиносон ва Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ баргузор гардиданд

0
1353

29 март дар шаҳри Алмато ҷаласаи коршиносони давлатҳои аъзои Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилотии ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (ММҲИОМ) доир ба омода кардани лоиҳаи ҳуҷҷатҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои ММҲИОМ баргузор гардид, ки дар кори он намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ иштирок намуд.

Дар рафти ҷаласаи мазкур коршиносон масъалаҳои дар лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои аъзои ММҲИОМ пешбинигардидаро муҳокима намуданд.

Ҳамчунин санаи 30 март дар бинои ММҲИОМ ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои ММҲИОМ таҳти раисии ҷониби Қазоқистон баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони ваколатдори мақомоти ҳамоҳангсози давлатҳои аъзои ММҲИОМ ва Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Директори Агентӣ М. Ҳайдарзода намояндагӣ намуд.

Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои аъзои ММҲИОМ лоиҳаи рӯзномаи пешниҳоднамудаи коршиносонро тасдиқ намуда, пас аз муҳокимаи масъалаҳои пешниҳодгардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Пешниҳоди номзадии намояндаи ваколатдори Агентӣ дар ММҲИОМ Сафаров С. барои ишғол намудани вазифаи муовини Директори ММҲИОМ дастгирӣ гардида, барои тасдиқ ба Сарони давлатҳои аъзои ММҲИОМ пешниҳод карда шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҷаласаи навбатии ШҲМ давлатҳои аъзои ММҲИОМ семоҳаи чоруми соли 2016 дар ш. Алмато (Ҷумҳурии Қазоқистон) баргузор мегардад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД