Дар шаҳри Кӯлоб шаҳрванди Афғонистон бо маводи нашъаовар дастгир гардид

0
1286

24 март кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб дар рафти гузаронидани амалиёти махсуси “таҳвили байналмилалии назоратшаванда” шаҳрванди 30-солаи вилояти Тахори Ҷумҳури Исломии Афғонистонро дастгир намуданд, ки дар шаҳри Кӯлоб хонаро иҷора мегирифт. Ҳангоми кофтукови хона халтаи селофанӣ дарёфт ва мусодира гардид, ки дар дохили он 33 баста бо маводи ҷигариранг ва 1 баста бо маводи хокамонанд мавҷуд буд.

Тибқи хулосаи Шуъбаи экспертизаи судии РАНМН дар вилояти Хатлон маводи мусодирашуда афюн бо вазни зиёда аз 40 кг ва героин бо вазни тақрибан 1 кг мебошад.

Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки дастгиршуда ният дошт маводи нашъаоварро дар ҳудуди Тоҷикистон фурӯшад ва маблағи пулиро ба суратҳисоби электронии соҳиби “бор” равон намояд. Кормандони Агентӣ шахсияти шаҳрванди Афғонистонро, ки маводи нашъаоварро ба Тоҷикистон интиқол дода буд, муайян намуданд. Ҳоло дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон чораҳои зарурӣ барои дастгир намудани ӯ андешида шудаанд.

Нисбати ин ҳодиса аз рӯи моддаи 200 қ. 4 КҶ ҶТ – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Боздоштшуда ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Шуъба ворид карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД