Дар Қӯрғонтеппа афюн ошкор гардид

0
1732

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар таъмиргоҳи нақлиёт мошинаи тамғаи “БМВ”-ро, ки ба сокини ноҳияи Бохтар таалуқ дошт, аз назар гузарониданд. Дар дохили автомашина

зери дастаи ивазкунии суръат як бастаи селлофанӣ бо маводи ҷигариранг ошкор гардид.

Тавре мутахассисони Шуъбаи Экспертизаи судии РАНМН дар вилояти Хатлон муайян намуданд, маводи мусодирашуда афюн мебошад. Соҳиби автомашина нишон дод, ки афюнро аз сокини дигари ноҳияи Бохтар харидорӣ намудааст. Айни ҳол чорабиниҳои оперативӣ барои муайян ва дастгир намудани фурӯшандаи афюн андешида шудаанд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва тафтишот давом дорад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД