Дар моҳи май кормандони Агентӣ зиёда аз 90 кг маводи нашъаовар мусодира намуданд

0
1508

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар моҳи май аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 90 кг маводи нашъаоварро мусодира намуданд.
13 май дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Дарвози Раёсати Агентӣ дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо кормандони КДАМ ҶТ дар ноҳияи Дарвоз дар шоҳроҳи Қалайхумб-Хоруғ дар деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро таҳти идораи сокини 23-солаи ноҳия боздошт намуданд. Ҳангоми азназагузаронии автомашина аз бағоҷ як адад борхалта дарёфт гардид, ки дар дохили онҳо 20 дона бастаи селофанӣ бо маводи зардчатоби хамирмонанд мавҷуд буд.
2Мутобиқи хулосаи Шуъбаи экспертизаи судии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ маводи мусодирагардида афюн ба миқдори 20 кг 044 грамм мебошад.
16 май ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ аз тарафи кормандони шуъбаи ноҳияи Ишкошими Раёсати Агентӣ дар ВМКБ дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ВМКБ дар деҳаи Сумчии ноҳияи Ишкошим ҳангоми убур намудани хатти сарҳад аз тарафи се нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида гардид. Ҳангоми кӯшиши дастгир намудани сарҳадшиканон аз тарафи гурӯҳи муштарак тирпарронӣ ба вуқӯъ омад, ки дар натиҷаи он сарҳадшиканон ақиб гашта, ба самти ҶИА фирор намуданд. Баъди азназаргузаронии ҷои ҳодиса аз соҳили дарёи Панҷ як адад борхалтаи полиэтиленӣ бо маводи сабзчатоби китобшакл ва як адад бастаи селофанӣ бо маводи хокамонанди зардчатоби бӯйи махсус дошта ёфт ва мусодира карда шуд.
Мувофиқи маълумотномаи шуъбаи экспертизаи судии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ маводи мусодирашуда 10 кг 274 грамм “ҳашиш” ва 1 кг 461 гр “героин” мебошад.
21 май дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дар ҳудуди ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ нақлиёти сабукрави тамғаи “Тойота-Кемри” таҳти идораи сокини ноҳияи Рӯдакӣ боздошт карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронии қисми бордони нақлиёт ду адад борхалтаи полиэтиленӣ бо маводи чоркунчашакли рангашон ҷигарии бӯйи махсус дошта ва маводи хамирмонанди рангаш ҷигарии бӯйи махсус дошта, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Мувофиқи маълумотномаи шуъбаи экспертизаи судии Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон маводи мусодирашуда, 30кг 230 грамм “ҳашиш” ва 11 кг 440 грамм “афюн” мебошад. Дар маҷмӯъ маводҳои мусодирашуда 41 кг 670 граммро ташкил дод.
Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки дастгиршуда қаблан барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар суд шуда будааст.
31 май аз тарафи кормандони Агентӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон сокини ноҳияи Панҷ дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахси номбурда аз дохили сумкаи варзишӣ понздаҳ адад бастаи селофанӣ дарёфт ва мусодира гардид.
Мутобиқи маълумотномаи Шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ маводи мусодирашуда 18 кг 365 грамм ҳашиш мебошад.
Оиди ҳамаи ҳодисаҳои номбаршуда парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД