Дар Вазорати корҳои хориҷии ҶТ “Шарҳ” муаррифӣ карда шуд

0
1459

6 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, роҳбарони миссияҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ғайридавлатӣ муаррифии маҷаллаи “Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015” баргузор гардид.


Чорабиниро муовини Вазири корҳои хориҷии ҶТ Музаффар Ҳусейнов оғоз намуд.

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Шерхон Салимзода бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро кушода, ба кишварҳои маблағгузор барои ҳамкорӣ миннатдории хешро баён намуд ва қайд кард, ки маҷаллаи “Шарҳи вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015” 14 март дар чорчӯбаи кори сессияи 59-уми Комиссия оид ба воситаҳои нашъадор дар шаҳри Вена муаррифӣ гардида буд.

Ба ҳозирин “Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015” муаррифӣ карда шуд. Диққати асосӣ ба мавзӯъҳои тамоюлҳои асосии инкишофи вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва минтақа, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳсоли ғайриқонунии маводи нашъадор дар Афғонистон, чораҳои коҳиши талабот ба маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ, гузаронидани амалиётҳои муштараки зиддимухаддиротӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа, ҳамкориҳои байналмилалӣ, амалисозии барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои зиддимухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуд.. Таъкид гардид, ки таҳлили ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар ҶТ дар соли 2015 гузаронида шуда, вазифаҳои асосӣ барои соли 2016 дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар Тоҷикистон муайян гардиданд.

Дар рафти муаррифии маҷаллаи “Шарҳ” намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашитта Миттал баромад намуда, масъалаи таҳияи барномаҳо ва лоиҳаҳои зиддимухаддиротии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткориро дар Тоҷикистон ва татбиқи онро хуб арзёбӣ намуд.

Дар рафти чорабинӣ Директори муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М. Ғуломов” Маҳмадраҳим Малахов, Директори иҷроияи иттиҳодияи ҷамъиятии “СПИН-Плюс” Пулод Ҷамолов, Директори Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ Абдулҳамид Қаюмов баромад намуда, дар бораи муҳимияти нашри маҷаллаи Шарҳи имсола ва солҳои гузашта сухан гуфта, таъкид карданд, ки мақолаҳо, факту рақамҳо, таҳлилҳо ва пешгӯиҳои Шарҳ аз ҷониби мутахассисон, коршиносон ва намояндагони ВАО мақсаднок истифода бурда мешаванд.

Ба иштирокчиёни презентатсия маҷаллаи “Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015”, ки бо дастгирии молиявии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ: “Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя” ва Лоиҳаи “Мониторинги савдои афюни афғонӣ” чоп шудааст, тақсим карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД