Дар рӯзҳои истироҳат се ҷинояти марбут ба маводи нашъаовар ошкор гардид

0
1607

Дар рӯзҳои истироҳат кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се ҷинояти марбут ба маводи нашъаоварро дар ҳудуди ҷумҳурӣ ошкор намуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ қариб 30 кг маводи нашъаоварро мусодира карданд.


Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе шаҳрванди 46-солаи ҷумҳурӣ дастгир гардид. Ҳангоми кофтуков дар таваққуфгоҳи автомашинаҳо аз бағоҷи мошин, ки ба дастгиршуда тааллуқ дошт, 30 дона бастаҳои скотпеч бо маводи бӯи ғализ дошта ошкор ва мусодира гардид.

Шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ муайян намуд, ки маводи дарёфтгардида гашиш буда, вазни он 29 кг 395 гр мебошад.

Ҳоло чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои муайян намудани ҳамиштирокчиёни ҷинояти мазкур андешида шудаанд.

Инчунин, дар ҳудуди ш. Душанбе аз тарафи кормандони Агентӣ сокини 32-солаи пойтахт бо ҷурми нашъаҷаллобӣ дастгир гардид, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як селофани сафед, ки дар дохилаш 5 бастачаҳои селофании шаффоф бо маводи зардчатоб мавҷуд буд, дарёфт ва мусодира гардид.

Мутобиқи маълумотномаи Шӯъбаи экспертизаи судии Агентӣ, маводи нашъадори мусодирагардида “героин” буда, вазни он 327,7 гр. мебошад.

Кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумонбарии даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар як нафар сокини ноҳияи мазкурро дастгир намуданд. Ҳангоми кофтуков бо истифода аз саги хизматӣ аз хонаи истиқоматии гумонбаршуда аз махфигоҳ 1 адад бастаи скотпеч бо маводи бӯи ғализ дошта дарёфт гардид.

Тавре Шуъбаи экспертизаи судии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд муайян намуд, маводи дарёфтгардида гашиш буда, вазни он 171,1 гр мебошад.

Аз рӯи ҳар се ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Дастгиршудагон ба Тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатӣ ворид карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД