Дар шаҳри Москва фурӯшандаи героин дастгир гардид

0
1013
C

Тавре корманди хадамоти матбуотии Раёсати Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар шаҳри Москва майори политсия Анастасия Рассадкина нақл намуд, кормандони оперативӣ зан – зодаи шаҳри Кишинёв, соли таваллудаш 1977-ро дастгир намуданд.

– Маводи нашъаовар ба тариқи махфигоҳҳо дар қаламрави аз Москваи нав то шаҳри Воскресенск фурӯхта мешуд. Сараввал се нафар фурӯшандагон дастгир гардиданд – онҳо махфигоҳ ташкил менамуданд. Онҳо нақл намуданд, ки героинро тариқи махфигоҳ қабул менамуданд ва бо ҳамин тариқ бо ишораи ҳаммаслаконашон ба фурӯш мебароварданд. Махфигоҳҳо дар нуқтаҳои аҳолинишини Люблино, хиёбони Рязан, Бутово, Шербинка, Воскресенск ва нуқтаҳои дигар ҷойгир шуда буданд.

Дар манзили фурӯшандаи маводи нашъаовар дар ноҳияи Ярослав тақрибан 1 кг героини сафед ва сиёҳ, инчунин тарозуи электронӣ ошкор гардид. Тавре маълум гардид, гумонбаршуда героини тозаро бо шакар омехта намуда, ба ҳаммаслаконаш медодааст. Ҳар ҳафта аз фурӯши маводи марговар то 50 ҳазор рубл фоида медид.

Тавре тафтишот муайян намуд, гумонбаршуда “мансаб”-и худро чанд сол қабл аз фурӯши чаканаи маводи нашъаовар оғоз намуда буд. Ҳангоме ки “ҳаммаслаки” ӯро дастгир намуданд, гурӯҳи ҷиноятпешаро роҳбарӣ намуд. Аз суханонаш, муддати дароз героин истеъмол менамояд ва қаблан барои даст доштан ба муомилоти маводи нашъаовар суд шуда будааст.

Ҳамаи дастгиршудагон ҳабс шуданд. Онҳоро то 20 сол ё якумра маҳрумият аз озодӣ интизор аст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД