Дар шаҳри Москва гурӯҳи нашъаҷаллобонро дастгир намуданд, ки онҳоро зодаи Қазоқистон роҳбарӣ менамуд

0
1325

Кормандони Раёсати Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар шаҳри Москва аъзоёни гурӯҳи ҷинояткорро дастгир намуданд, ки онҳо бо фурӯши маводи нашъаовари синтетикӣ машғул буданд.

“Дар вақти бурдани кори оперативӣ ҳайати гурӯҳ, инчунин нақши ҳар яки он муайян гардид. Сарвари гурӯҳ зодаи Қазоқистон, соли таваллудаш 1960 мебошад, ки бо харид ва интиқоли маводи нашъаовар барои фурӯш машғул буд. Ҳамманзили ӯ – зани 25-сола, зодаи Қалмиқия мебошад, ки барои баркашидани спайс (маводи нашъаовари синтетикӣ) ва назорати интиқоли маблағи пулӣ аз харидорон ба суратҳисоби электронӣ ҷавобгар буд. Аъзои сеюми гурӯҳ – шаҳрванди 27-солаи Белоруссия мебошад, ки бо “мизоҷон” маслиҳат мекард ва барои онҳо махфигоҳҳоро бо маводи нашъаовар омода мекард” – хабар доданд дар хадамоти матбуот.

Инчунин, дар рафти тафтишот кормандони Хадамот зани 37-сола, сокини шаҳри Москваро дастгир намуданд. Ин зан маводи нашъаоварро барои истеъмоли шахсӣ харидорӣ намуд, ки онро аъзоёни гурӯҳ барояш дар ҳудуди роҳи Алтуфевск пинҳон намуда буданд.

«Айни ҳол парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Ҳамаи аъзоёни гурӯҳ бо қарори суд дастгир шудаанд” – қайд намуданд дар Раёсати Хадамот.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД